“Маҳфили шоирони тоҷику рус” дар ҳошияи “Китоби Душанбе”
Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар рӯзи дуюм низ ҳаводорону дӯсторони зиёди каломи бадеъро ба ҳам овард. Дар ин рӯз низ намояндагони беш аз 40 ношири дохилию хориҷӣ китобҳои тозанашри худро дар риштаҳои адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоиёт барои алоқамандони китоб ба тамошо гузоштаанд.
Дар асоси нақша - чорабиниҳои Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” дар ин рӯз маҳфили шоирони Тоҷикистону Федератсияи Русия таҳти унвони "Шоир ва тарҷумони ӯ" баргузор гардид. Ин маҳфил дар баробари шоирону тарҷумонҳои шинохтаи ду кишвар ҳамзамон дӯсторони шеъру шоириро дар толори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳам овард. Тавре таъкид гардид, маҳфиле, ки тайи чанд соли охир бори аввал баргузор гардид, барои таҳкими ҳамкориҳо ва табодули таҷриба миёни шоирону тарҷумонҳои ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ёдовар мешавем, ки дар Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии “Китоби Душанбе” ноширону адибон аз кишварҳои Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Туркманистон иштирок доранд ва дар доираи ин чорабинии фарҳангӣ баргузории як қатор мулоқоту вохӯриҳои судманд миёни адибону ноширони ин кишварҳо дар назар дошта шуда, меҳмонон ҳамзамон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвари мо дидан хоҳанд кард. Ин чорабинии муҳими фарҳангӣ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе то 24-уми октябр идома меёбад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ