image

Баргузории ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range29.10.2024, 09:36 chat_bubble_outline0 remove_red_eye66

Дар асоси нақшачорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтору мақомоти давлатӣ баргузории ҳамоиши ҷавонон идома дорад. Зимнан дар шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радио баргузор гардид.

Дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи телевизион ва радио, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, дастоварду комёбиҳои ҷавонон ба намоиш гузошта шуд. Роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио қабл аз оғози қисмати расмии чорабинӣ бо дастовардҳои ҷавонони сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио шинос шуданд. Тавре маълум гардид кормандон-ҷавонони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар баробари пешбурди кори соҳа ҳамзамон дар озмуну сабқатҳои гуногуни зеҳнӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои шоёни таҳсин ноил гардидаанд. Зимни баромади худ намояндаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама арҷу эҳтиром ба фаъолияти ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо дар ин замина мебошад.

Дар раванди ҳамоиш вобаста ба дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон, қабули якчанд санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар раванди идоракунии давлатӣ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон аз самтҳои муҳими сиёсати Ҳукумати мамлакат  маҳсуб ёфта, доир ба такмил ёфтани он пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ  карда мешаванд. Зеро имрӯз тақдири ояндаи халқу давлат бар дӯши ҷавонон вогузор шуда, иштироки онҳо дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ  баръало эҳсос мегардад.

Дар идома як зумра ҷавонони фаъол аз ҳайати эҷодиву техникии соҳаи телевизион ва радио барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, таълиму тарбия намудани ин қишри ояндасози ҷомеа дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва меҳандустиву ватанпарастӣ ва ба ин васила фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъмини иштироки васеи ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар идома барномаи рангини консертӣ ки аз ҷониби дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буд, пешниҳоди ҳозирин шуд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"