image

Дар шаҳри Душанбе Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалии "Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол" баргузор гардид

date_range30.10.2024, 10:12 chat_bubble_outline0 remove_red_eye80

Дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ, ки бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, мавзӯи “Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғози Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалии “Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол” Паёми табрикотии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ барои иштирокчиён расонида шуд.

Чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузор карда шуд, дар он намояндагони як қатор мақомоту идораҳои давлатӣ, бахшҳои илмӣ, ҳуқуқшиносон ва муассисаҳои таҳсилотӣ иштирок намуданд.

Тавре таъкид гардид, Конститутсия дар раванди давлатдорӣ аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошта, он роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян ва Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намудааст. Давоми 30 соли амали Конститутсия татбиқи меъёрҳои он имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шавад, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёбад, рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин гардад ва барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё карда шавад. Яке аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ баррасии нақш ва ҷойгоҳи Конститутсия дар раванди ташаккул ва таҳкими заминаҳои давлатдории миллӣ маънидод карда шуд.

Иштирокчиёни Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалии “Конститутсия ва рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол” ҳамзамон мавзӯъҳои “Президент ва конститутсионализми миллӣ: баъе мулоҳизаҳо дар ҳошияи аҳаммияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия”, “Эмомалӣ Раҳмон: асосгузори Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол”, “Конститутсия – заминаи рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол”, “Нақши маърифати ҳуқуққӣ дар таҳкими волоияти қонун” ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, Конститутсияро яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллат тоҷик, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, маънидод намуданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бо ташаббусу иродаи устувори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамрайъии тамоми халқи тоҷик қабул гардид, истиқлолияти сиёсии Тоҷикистро таҳким ва роҳи рушду пешрафт дар тамоми соҳаҳоро муайян намуд. Ҳамчунин ин Бахтномаи миллат кишвари моро дар арсаи байанлмилали ҳамчун давлти демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"