КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ТАШАККУЛ, ТАҲАВВУЛ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН (1924-2024)”
29 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 100-умин солгарди таъсисёбии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ташаккул, таҳаввул ва рушди Тоҷикистон (1924-2024)” баргузор гардид.
Дар конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ олимону донишмандон аз дигар муассисаҳои олии касбӣ ва устодони Академияи идоракунии давлатиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Дар конфронс олимони соҳаҳо доир ба масъалаҳои ташаккул ва фаъолияти мақомоти идоракунии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии сотсиалистӣ, тақсимоти миллӣ-марзӣ дар Осиёи Миёна, Тоҷикистон дар давраи фаъолияти кумитаҳои инқилобӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар идомаи конфронси илмӣ-назариявӣ вобаста ба мақом ва нақши шахсияҳои таърихии халқи тоҷик ба монади Нусратулло Махсум, Чинор Имомов ва нигоҳе ба шоҳроҳи неъмату дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯнамоӣ карда шуд, ки таҳлилу баррасии мавзуҳои мазкур ба шинохти миллӣ аҳамияти таърихию сиёсӣ доранд.
Дар конфронс, аз ҷумла қайд карда шуд, ки таърих муборизаҳои қаҳрамонона ва талошҳои пайвастаи миллати азияткашидаи тоҷиконро баҳри ба даст овардани истиқлол, ки саҳифаҳои китоби бузурги халқи тоҷикро пурҷило мегардонанд, ёд дорад. Сарчашмаҳои таърихӣ собит месозанд, ки халқи баруманди тоҷик ҳамчун як миллати давлатдору тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти худ руҳи истиқлолхоҳӣ дошта, алорағми тохтутозҳои аҷнабиён ва носозгориҳои бешумори замон, ваҳдат ва арзишҳои худро ҳифз мекард ва ба наслҳои минбаъда ба мерос мегузошт.
Ҳамчунин, дар конфронси илмӣ-назариявӣ доир ба дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи давлати тоҷикон дар роҳи худшиносии миллӣ ва мактаби бузурги давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатдории миллӣ андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ мояи ифтихори миллӣ ва сарбаландии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ