image

Дар шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид

date_range31.10.2024, 11:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye104

Дар Маркази иттилоотӣ-таҳлилии назди Саррёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок намуданд. Зимни суханронӣ масъулин изҳор доштанд, ки Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» бо мақсади иҷрои банди 62 Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2024 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ки ба тасвиб расидааст, доир мешавад.

Дар асоси қарори Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» Низомнома, ҳайати комиссия, ҳайати ҳакамон ва харчномаи озмуни шахрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» тасдиқ шудааст. Зимнан Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди ичтимой ва робита бо чомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Сарраёсати маориф ва Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шахрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» тадбирҳои амалӣ андешанд. Озмун дар ду давр санҷиши тестӣ ва санҷиши шифоҳӣ гузаронида мешавад.

Тарве, ки масъулини озмун иттилоъ додан барои иштирок ба унвонии кумитаи тадорукоти озмун 177 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз он 98 нафар донишҷӯёни муассиаҳои таҳсилоти олӣ, 24 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 56 нафар хонандагони литсейю гимназияҳо ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт мебошанд. Дар рӯзи аввали баргузории змун аз ҳар як иштиркочӣ санҷиш дар наумдани тест гирифта шуда, дар рӯзи дуюм иштирокчиён ба таври шифоҳӣ санҷиш месупоранд. Беҳтаринҳо дар аосси хулосаи ниҳоии ҳайати ҳакамони озмуни шаҳрӣ муайян гашта, бо диплом ва дигар туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадр мегарданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"