Дар ноҳияи Фирдавсӣ Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» гузаронида шуд
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия даври ноҳиявии Озмуни «Китобхонаи беҳтарин» гузаронида шуд.
Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2024 зикр гардиданд Қарори Раиси шаҳри Душанбе, дар бораи баргузор намудани озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.
Дар асоси ин Қарор ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмуни «Китобхонаи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор карда мешавад. Мувофиқ ба нишондоди Қарори мазкур дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби бахши фарҳанг даври ноҳиявии озмун ташкилу баргузор гардид.
Зимни озмун аъзои комиссия аз китобхонаи Агентии стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Китобхонаи Донишгоҳи байналмиллалии саёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон, МТМУ №77, китобхонаи оилавии Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дидан карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ