image

«30 соли музафриятҳо бо ҲХДТ». Баргузории ҳамоиши тантанавии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино

date_range04.12.2024, 11:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye17

Дар толори Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим Ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «30 соли музафриятҳо бо ҲХДТ» бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба 30 солагии таъсисёбии ҲХДТ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, намояндагони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ифтитоҳи расмии ҳамоиши навбатӣ масъулини Қисмати Марказии ҲХДТ сухан карда зикр намуданд, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Дар идома ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Кумитаи беҳтарин”, “Ташкилоти беҳтарин”, “Раиси ташкилоти беҳтарин”, “Вакили беҳтарин”, “Таблиғотчии беҳтарин”, “Хабарнигори беҳтарин”, “Хонаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин” ва “Майдончаи варзишии беҳтарин” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон аз рӯи номинатсияи "Хабарнигори беҳтарин", муҳаррири идораи барномаҳои иттилоттиии Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" Ҳамидов Қиёмиддин Раҳмонович ғолиби озмун дар ноҳияи Сино дониста шуда, бо Диплом ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ шуд.

Дар охир барномаи фарҳангии ҷолиб, иборат аз шеъру таронаҳои марғуб ва тарғибгари ватандӯстӣ ба ҳамоиш ҳусну таровати дигар бахшид.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"