image

Баргузории мизи мудаввар бахшида «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон»

date_range10.12.2024, 10:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye27
Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10-декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» дар самтҳои мухталиф чорабиниҳо доир менамояд.
Дар меҳмонхонаи "Серена" мизи мудаввар ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои бехтариии онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2024 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, роҳбарони воҳидҳои сохтории хифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин намояндагони мақомоти давлатӣ дар мавзӯъҳои хифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда, ҳифзи хукуку озодиҳои кӯдакон дар ҳошияи таъмини ҳуқуқ ба таҳсил, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбат ба кӯдакон ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар Тоҷикистон маърӯзаҳо карда, оид ба дастовард, мушкилот ва дурнамои соҳа муҳокимаронӣ намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2024-барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои бехатарии кӯдакон низ дар баробари дигар самтҳои муҳими давлатдорӣ соли бобарор ва пур аз навгониҳо дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ба шумор меравад.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"