image

Иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум

date_range11.12.2024, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye60

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум баргузор гардид.

Мутобиқи талаботи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино Иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум баргузор шуд.

Дар кори он, раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, муовинони раиси ноҳияи Сино, роҳбарони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино, даъвати шашум аз рӯи ду масъала тасдиқ карда шуд. Аз ҷумла дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дар бораи таъсиси додани комиссияи интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино дар ҳудуди ноҳия 40 ҳавзаи интихоботӣ барои Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шахри Душанбе муайян карда шудааст.

Дар идомаи кори иҷлосия қарорҳои раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"