image

Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, даъвати шашум

date_range11.12.2024, 11:13 chat_bubble_outline0 remove_red_eye43

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвати шашум баргузор гардид.

Ба рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвати шашум ду масъала баррасӣ шуданд:

1) Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ва

2) Дар бораи таъсис додани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.

Ҳамзамон дар идомаи иҷлосия аз ҷониби раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамдастӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур лоиҳаҳои қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қабул карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"