Баргузории мизи мудаввари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмии ватанӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, роҳбарият ва кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ҳамчунин Рӯзи ҳуқуқи инсон ва 15-солагии таъсисёбии Мақомоти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилхукуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола 10-уми декабр тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад.
Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии сиёсати муваффақонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мавқеи худро дар сатҳи байналмилалӣ мустаҳкам намуд.
Дар мизи мудаввар инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмии ватанӣ ва соҳторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба мавзуъҳои инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, арзишҳои меҳварии Конститутсияи ҶТ, маърифати ҳуқуқӣ - асоси рушди ҷомеаи хуқуқбунёд ва нақши суд дар баланд бардоштани он, ҷаҳонишавии ҳуқуқи инсон дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо, Президенти ҶТ- ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар масоили марбут ба ин маърузаҳо карда, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлатро вазифаи ҳар шаҳрванди бонангу номус ва масъулиятшиноси кишвар маънидод карданд.
Дар фарҷоми ин чорабинӣ миёни иштирокчиён доир ба мушкилот ва натиҷаҳои ҳосилшуда муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Гулова С.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ