image

БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ БЕҲТАРИН МАВОДИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ, МАТБУОТӢ ВА РАДИОӢ

date_range12.12.2024, 09:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye27
Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, озмуни “Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе” ҷамъбаст гардид.
Қайд бояд кард, ки Озмуни тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 04 ноябри соли 2024, №736 тасдиқ гардида, бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе, ҳамкории густурда ва ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи васоити ахбори омма баргузор карда шуд.
Озмуни мазкур тавассути шабакаҳои телевизиониву радиоӣ, сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда шуда, намояндагони васоити ахбори омма, бахусус кормандони соҳаи телевизиону радио ва рӯзномаву маҷаллаҳо маводҳои омоданамудаи худро пешкаши Ҳайати Комиссияи озмун намуданд.
Ҳайати Комиссияи озмуни беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе санаи 11 декабри соли 2024 озмуни мазкурро ҷамъбаст намуда, маводҳои пешниҳоднамудаи довталабонро аз рӯи мутобиқат ба муҳтавои озмун, қобилияти эҷодӣ, касбияти техникӣ, сифати банду баст (монтаж), диди коргардонию наворбардорӣ, инъикоси саҳми бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе дар рушди самтҳои гуногуни шаҳрдорӣ ва муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри пешрафта ва амну осоишта баҳогузорӣ намуданд.
Бо дарназардошти ба даст овардани холҳои бештар аз рӯи номинатсияи беҳтарин маводи телевизионӣ Абасаев Ҳофиз (10 ҳазор сомонӣ) сазовори ҷойи якум, Раҳимов Зикриё (7 ҳазор сомонӣ) ҷойи дуюм ва Ҳомидов Фаррух (5 ҳазор сомонӣ) ҷойи сеюм, номинатсияи беҳтарин маводи матбуотӣ Холов Ҳусниддин (10 ҳазор сомонӣ) сазовори ҷойи якум, Муҳаббатова Фароғат (7 ҳазор сомонӣ) ҷойи дуюм ва Сироҷиддин Шукурӣ (5 ҳазор сомонӣ) ҷойи сеюм ва номинатсияи беҳтарин маводи радиоӣ Раҷабов Абдунасим (10 ҳазор сомонӣ) сазовори ҷойи якум, Каримзода Фирӯз (7 ҳазор сомонӣ) ҷойи дуюм ва Исматова Дилбар (5 ҳазор сомонӣ) ҷойи сеюм дар озмуни беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардиданд.