Баргузории даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» дар н.Фирдавсӣ
Дар маросими ифтитоҳии даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг ва довталабони даври ноҳиявии озмун иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофаринӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Озмун рӯзгор ва осори Пешвои миллатро пурра дар бар мегирад. Иштирокдорони озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, Донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, Хизматчиёни давлатӣ ва Оммаи мардум.
Донишҳои иштирокдорони озмун аз руйи хондани асарҳои Пешвои миллат ва осори дигари таърихӣ-сиёсии ба ин мавзуъ бахшидашуда муайян карда мешавад, аз ҷумла: Донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, Қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои муҳими давраҳои муайян аз ҳаёти Пешвои миллат, Баён намудани ташаббусҳои Пешвои миллат, ки ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд, Талошҳои Пешвои миллат, барои ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва гайра мебошад.
Ғолибони даври ноҳиявӣ низ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Дар маҷмуъ зиёда аз 100 нафар дар ин даври озмун фаъолона ширкат намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ