Иқдоми ташхису табобати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ниёзмандон
Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадади Сино”-и Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ иқдоми хайриявӣ роҳандозӣ гардид.
Дар иқдоми мазкур муҳассилини ниёзманду маъюби Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва Муасиссаи давлатии таълимии литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ба ташхису табобати ройгон фаро гирифта шудаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизбест, ки ҳадафҳои созандааш барои рушди ватани маҳбуб ва осудаҳолии мардуми шарифи кишвар равона гардидааст, барои ҳар яки мо аз манфиат холӣ нест ва ватандӯстиву зиракии сиёсии моро боло бардошта, муҳаббату садоқати моро ба ҳизб ва Роҳбари муаззами он-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар маҷмуъ ба Тоҷикистони азиз боз ҳам бештар месозад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон миёни дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мақому манзалат ва ҷойгоҳи махсус дорад. Зеро дар ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон дар самту бахшҳои гуногун ва муҳими давлатдорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки худ зодаи даврони истиқлол ва тафаккури созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, нақши муассир ва мондагор дорад.
Дар ин замина бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадади Сино”-и Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ иқдоми хайриявӣ роҳандозӣ гардид. Дар иқдоми мазкур нафарони ниёзманду маъюби Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе ва Муасиссаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ба ташхису табобати ройгон фаро гирифта шудаанд. Дар ин рӯз нафарони ниёзмандон аз ташхиси ултурасадо, сабти барқии дил ва ташхиси рентгени ройгон гузашта, аз ҷониби табибон муоина гардиданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ