image

Ҳамоиши илмӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти профессор Абдусаттор Мухтор дар ДМТ

date_range17.12.2024, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye52

Омӯхтани ҳаёту фаъолияти олимону муҳаққиқони соҳаи таърих дар худшиносии миллӣ мусоидат менамояд ва ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гаштааст. Дар факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери унвони "Саҳми профессор Абдусаттор Мухторов дар пажӯҳиши таърихи халқи тоҷик" ҳамоиши илмӣ барпо гардид.

Ҳамоишро роҳбарияти донишгоҳ оғоз намуда, қадрдонӣ, манзалат ва мушахас намудани хидматҳои чунин шахсиятҳоро яке аз авлавиятҳои сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

Дар ҳақиқат саҳми профессор Абдусаттор Мухторов дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик назаррас ба шумор рафта, як паҳлӯи фаъолияти ӯро журналистикаву публитсистика низ ташкил медиҳад. Ин ҷабҳа дар муаррифии чеҳраи мавсуф дар илми таърих ва таблиғу ташвиқи ормонҳои миллӣ мусоидат ҳам кардааст. Хидмату заҳматҳои олимони соҳаи таърих мебошад, ки халқи тоҷик дар роҳи худшиносӣ қадамҳои устуворе мегузоранд. Таърих ва журналистика ду соҳаи дар робита наздик ба Абдусаттор Мухторов камолоту мақом бахшидаанд.

Профессор Абдусаттор Мухторов дар пешрафти илму таълим дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми назаррасе гузоштааст. Журнализм низ як рукни таърих аст ва инро А. Мухторов амиқ дарк мекард. Соли 1972 дар озмуни рӯзномаҳои деворӣ рӯзномаи факултети мо ҷойи аввалро гирифт. Сабабаш он буд, ки А.Мухторов муҳаррири он буд.

Андешаҳои самимонаи имрӯза дар шинохти А. Мухторов нишони одамияти баланд доштани он кас мебошад. Рисолаи номзадияшро шаб то рӯз дар идораи нашрияи "Комсомоли Тоҷикистон" навиштааст. Абдусаттор Мухторов ҳамчун таърихшинос бо гузаштаву имрӯзаи миллати тоҷик бо масъулияту муҳаббат нигаристааст. Хидмат ва пажӯҳишҳои профессор Абдусаттор Мухторов дар шинохти Давлати Сомониён хеле бузург мебошад.

Каримхон Бекматов
"ТВ Душанбе"