image

Маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024

date_range20.12.2024, 10:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye75

Дар «Кохи Суруш» Маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, зерсохтҳои он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, шарикони рушд, иштирокдорони олимпиадаҳо, волидайни ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Маросимро роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо муносибати ҷамъбасти бобарори даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 табрику таҳният гуфтанд.

Қайд гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад ва сатҳи сифатан нави олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои бесобиқаи хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ боис гардиданд, ки соли 2024 дар таърихи соҳаи маориф ва илм ҳамчун «соли ҳаракати олимпӣ» сабт гардад.

Дар Маросим се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидайни онҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ 61 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва 16 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон, ғолибон дар номинатсияҳои «Беҳтарин Раёсатҳои маориф дар ҳаракати олимпии соли2024»,«Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф дар ҳаракати олимпии соли 2024», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав дар ҳаракати олимпии соли 2024» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати ҳаракати олимпии соли 2024», ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ шумораи бештари ҷойҳоро ба даст овардаанд бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандон бо суруду таронаҳои дилнишин хотири аҳли нишастро шод намуданд.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"