image

Дар МТМУ №71 маҳифили адабии «Шоҳномахонӣ» баргузор гадид

date_range20.12.2024, 11:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye34

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор карда шуд, ки дар он хонандагон фаъолона ширкат намуданд.

Дар маҳифили адабии «Шоҳномахонӣ», ки миёни хонандгони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор карда шуд, гуфта шуд, ки Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиёни чодарнишини рӯ ба рӯ ба парокандагӣ ниҳода буд.

Дар маҳфил хонандагон аз достонҳои "Шоҳнома" порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин саҳначаҳои ҷолибро низ иҷро карданд.

Маҳфили Шоҳномахонӣ миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71 бо ташаббуси роҳбарият ва китобдори муассиса роҳандозӣ гардидааст. Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"