image

Дар МТМУ №28 машварати омӯзишӣ доир гардид

date_range23.12.2024, 11:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye26

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе машварати омӯзишии муовинони директор оид ба корҳои таълимии муассисаҳои таълимии ноҳия багузор гардид.

Машварати омӯзишӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва муовинони директорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.

Зимни баромади иштирокдорон мавзуҳои муҳими соҳаи маориф баррасӣ шуданд. Инчунин рафти иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда кайд намуданд, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор давлат ва ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон мебошад.

Сипас муовинони директорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба синфхонаҳо тақсим шуда, бо рафти дарси хонандагони ин муассиса ошноӣ пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки чунин машваратҳои омӯзишӣ баҳри боло бурдани маҳорати рохбарӣ миёни масъулини соҳа ва омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар миёни онҳо гузаронида мешаванд.

Иштирокчиён дар мавзуҳои «Фаъолияти муассиса ва дастовардҳои он» ва «Омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони фаннӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузории он» баромад намуданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"