Ифтитоҳи Маркази тиббии “Соранус” дар шаҳри Душанбе
21-уми декабр дар шаҳри Душанбе Маркази муосири тиббӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди насли солим» ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2022-2026, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022 тасдиқ шудааст, ба фаъолият оғоз кард.
Дар маросими ифтитоҳии Маркази тиббии “Соранус”, ки аз ҷониби ҶДММ «Рушди насли солим» дар пойтахти кишвар ба фаъоляит шуруъ кард, муовини раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ ва мутахассисони соҳаи тиб, ки аз хориҷи кишвар даъват гардида буданд, иштирок намуданд.
Маркази тиббии СОРАНУС ҳамчун Маркази тиббии бордоркунии сунъӣ (ЭКО), ки дар Осиёи Марказӣ яке аз беморхонаҳои пешрафтатарин ба шумор меравад, аз соли 2022 фаъолияти худро дар кишвари мо ба роҳ мондааст. Дар ин рӯз марказ соҳиби бинои наву замоанвӣ ва утоқҳои муҷаҳхаз бо беҳтарин шароити соҳа гардид. Бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти ҶДММ «Рушди насли солим» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзидаи соҳаи тиб Маркази тиббии мазкур хизматрасониҳои худро васеътар намуда, бо таҷҳизоти муосиру пешрафтаи ҷаҳонӣ имрӯз дар он утоқҳои ҷарроҳӣ ва амалиётхонаҳои дорои шароити зарурӣ пешниҳоди мизоҷони пойтахт гардид.
Дар Маркази тиббӣ ба ғайр аз амалиёти бордоркунии сунъӣ тамоми намуди бемориҳои гинекологӣ ва ҷарроҳиҳо ба роҳ монда шудааст. Дар ин маркази тиббӣ мутахассисони варзидаву пешбари ҷаҳонӣ оид ба тибби ёрирасони репродуктивӣ, ҷарроҳон аз кившарҳои хориҷ фаъолият менамоянд, ки беморонро дар шаҳри Душанбе ба табобат фаро мегиранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми намуди ҷарроҳиҳои пластикӣ, аз қабили ҷарроҳи эндоскопӣ барои нафароне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, гинекопластика, ринопластика, ҷарроҳиҳои роҳҳои нафас ва гӯшу гулуву бинӣ, табобати бемориҳои ортопедӣ-аз қабили бемориҳои дасту пой, китф, зону, оринҷ ва сутунмӯҳра, ташхиси умумӣ, табобати артрит, бурсит ва мушкилоти бофтаҳо, бемориҳои урологӣ, ҷарроҳии простата ва масона, табобат бо усули ҷарроҳӣ ва ғайриҷарроҳӣ аз ҷониби духтурони ботаҷриба ва кормандони соҳибихтисоси марказ, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон омадаанд, бо хизматрасонии мувофиқ ба стандарти ҷаҳонӣ пешниҳод мегардад.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ