Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин»
Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе шуруъ аз соли 2021 ҳар сол дар ҳудуди шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардида ғолибон қадрдонӣ мешаванд. Соли ҷорӣ низ даври аввали Озмуни мазкур дар сатҳи ноҳияҳо ҷамъбаст гардида, китобхонахои беҳтарин ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд.
Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» тибқи низомномаи Озмун аз рӯйи 4 бахш: Китобхонаи беҳтарин оммавӣ, китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ, китобхонаи беҳтарини идоравӣ ва китобхонаи беҳтарини оилавӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, оммавигардонии мутолиа, ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ ахлоқ ва тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт, рушди соҳаи иҷтимоӣ, завқи баланди китобхониву китобдорӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ, рӯ овардан ба фарҳанги асили ниёгон ва фарҳанги шаҳрдорирӣ нақши муассир мегузорад.
Дар бахши китобхонаи илмӣ-соҳавӣ китобхонаи Донишгохи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо захираи умумии 590693 теъдод китобхоҳои гуногуни илмӣ–соҳавӣ ва 500 000 захираи умумии китобҳои электронӣ иштирочкии фаъоли ин Озмун буд.
Ҳамзамон зимни гуруҳи корӣ ҳайати Коммиссия аз китобхонаҳои барҳавои толорҳои хониш китобҳои дастрас ва электронии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи омӯзгории ба номи Х.Махсумоваи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Коллеҷи санаъати ба номи А.Бобоқулов ва дигар китобхонаҳои ҳудуди ноҳия Шохмансур, ки дар даври аввал ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд, баздид ба амал оварданд.
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин китобхона» то санаи 25 декабр идома меёбад.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ