Оғози даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Синои пойтахт даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025 оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи даври шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2024-2025 дар толори барҳавои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 омӯзгорону хонандагон, масъулин ва роҳбарони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони муасисисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода нахуст чорабиниро оғоз карда, аз ҷумла изҳор дошт, ки рушди босуръати илму фановарӣ ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ водор месозад, ки соҳаи маориф ҳамқадами замони муосир бошаду ба равандҳои ҷаҳон аз мавқеи тафаккури навини имрӯз назар намояд ва бо ҷаҳони имрӯза ҳамсадову ҳамнаво гардад.
Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва хукумати кишвар маҳсуб меёбад, зеро бунёди миллат аз маориф оғоз гардида, хамзамон ғамхорӣ нисбат ба маориф, сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлату ватан мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи даври сеюми олимпиада кор дар синфхонаҳо аз фаннҳои чамъиятӣ-гуманитарӣ шуруъ гардида, масъулин аз рафти шаффофияти баргузории олимпиада шинос шуданд. Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз 13 фанни таълимӣ баргузор мегардад ва тибқи иттилоъ дар соли таҳсили 2024-2025 бо фарогирии 5 ҳазору 251 нафар хонанда баргузор карда мешавад.
Таъкид шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба илмоомӯзӣ, ташаккули тафаккури мантиқии хонандгон, дарёфт намудани хонандагони лаёқатманд ва рушди қобилияти зеҳнию эҷодии онҳо даври сеюми шаҳрии Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз санаи 2-юми январ оғоз гардида, то санаи 6-уми январи соли 2025 идома меёбад. Дар рӯзи аввали олимпиада довталабон аз фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ, аз қабили забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забон ва дадбиёти рус, англисӣ ва таъриху ҳуқуқ санҷида шуданд.
Гулова С.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ