image

Баргузории машварати январии роҳбарият ва кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ

date_range03.01.2025, 11:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye50

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар таътили навбатии зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томакатбӣ ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар МТМУ №14 - машварати январӣ доир гашт.

Машварати январии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид, ки дар он ҷиҳати рӯҳбаланд намудани маорифчиёни ноҳия, як қатор омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Зимни машварат намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ ширкат доштанд.

Дар қисмати дигари чорабинӣ, масъулин ва роҳбарони Муассисаҳои таълимӣ доир ба дастовардҳои соҳа дар соли хониш ёдовар шуда, иброз намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар соли хониши 2024-2025 хонандагони Муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи шаҳрӣ иштироки фаъолона намуда истодаанд. Ҳамзамон қайд гардид, ки сол то сол дар мактабу кӯдакистонҳои ноҳияи Фирдавсӣ шароити таълиму тарбия баланд гардида истодааст.

Дар ҷараёни машварат роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва сармураббиёни кӯдакистонҳо низ иштирок намуданд. Таъкид шуд, ки бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакону наврасон дар муҳити боғча аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе як қатор қонун ва барномаҳои дахлдори соҳавӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Дар машварат аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ дар синфхонаҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ ҳузур доштанд.

Дар паёми имсолаи худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки – “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд”.

Ҳамчунин дар машварат зикр шуд, ки омӯзгорон бояд бо аз бар намудани усулҳои нави таълим таҷрибаи пешқадами соҳавии ҳамдигариро дар раванди таълим ба таври васеъ истифода намуда, хонанадагонро бо аз худ намудани донишҳои замонавӣ дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоянд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"