image

Дар Литсейи Умари Хайём озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» баргузор гардид

date_range03.01.2025, 11:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye59

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» озмуни ноҳиявии «Ҷилои дониш» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии озмуни «Ҷилои дониш» роҳбарияти ноҳияи Сино ҳамаи хонандагонро, ки заҳмату талоши онҳо ба хотири муаррифӣ намудани номи муассисаи таълимии худ мебошад, муборакбод намуда ба ҳамаи онҳо барору муваффақият хостанд.

Озмуни мазкур соли дуюм аст, ки бо ташаббуси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино баргузор мегардад. Тибқи тартиби баргузории озмуни «Ҷилои дониш» дар он синфҳои 5-11-и муассисаҳои таълимӣ дар 7 даста иборат аз 5 нафарӣ дар маҷмӯъ 35 нафар аз ҳар як муассисаҳои таълимӣ иштирок менамоянд.

Озмуни «Ҷилои дониш» яке аз озмунҳои сатҳи баланд мебошад, ки ҷамъбаст ва натиҷагирии кори дастаҳо тариқи системаи худкор (автоматикунонидашуда) сурат гирифта, ба таври кушода натиҷагирӣ карда мешавад. Дар ин самт мутахассисон ва коршиносони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Сино тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар ин сабқати илмӣ ғолибони озмуни «Ҷилои дониш», ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд бо медал ва диплом қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни «Ҷилои дониш» пеш аз ҳама дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас, татбиқи барномаи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ноҳия ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия мебошад.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"