Ҳамоиши илм-амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар
Бо ташаббуси раёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд. Роҳбарияти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ аз ҷумла қайд намуд, ки Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз оғоз то имрӯз роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд.
Дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ гуфта шуд, ки дар раванди сиёсати давлатӣ, махсусан соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт, илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Зимни баромади дигари иштирокчӣ гуфта шуд, ки дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардои дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон муайян месозад.
Қайд карда шуд, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Дар ҳамоиш омӯзгорони Академия вобаста ба масъалаҳои эълон намудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда иброз доштанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ