image

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид

date_range07.01.2025, 11:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо мақсади баррасии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъулини соҳаи варзиш ҳамоиш доир гардид.

Гуфта шуд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шуда, дастоварду комёбиҳои соли қаблӣ ҷамъбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосии Ҳукумат муайян карда шуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус дар самти варзиш қайд намуданд, ки “Мо аз қабул гардидани пешниҳодамон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, тавассути қатъномаи махсус эълон доштани Рӯзи ҷаҳонии футбол ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024-ум ифтихор мекунем.

Инчунин, ҷаҳонӣ шудани гӯштини миллии тоҷикӣ низ боиси ифтихору шараф ва дар айни замон масъулияти мо дар самти муаррифии бештари он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад”. Зикр шуд, ки бояд мо суханҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор диҳему барои пешрафти Ватани азизамон ва барои дар оянда сазовор шудан ба комёбиҳои бузург содиқонаю софдилона хизмат намоем ва шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбият намоем.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"