image

Баргузории ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

date_range07.01.2025, 12:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye48

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимиву дигар кормандони соҳаи маориф доир гардид.

Соли 2024 барои аҳли маорифи пойтахт, соли рушд, соли муваффақияту дастовард ва дар маҷмӯъ, соли комёбиҳо буд. Маҳз дастгириву ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаи маорифи пойтахт, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа, таъсиси муассисаҳои таълимии наву замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, дар меҳвари диққат қарор доштани донишомӯзии насли наврас ба таҳкими илму дониш нерӯи тоза ва такони ҷиддие бахшида, баҳри расидан ба ҳадафҳои нақшавӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Дар ҷаласаи мушовараи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои назди сарраёсат, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф соли 2024 аз буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо дарназардошти зиёдшавии музди меҳнат 914 миллиону 395 ҳазору 597 сомонӣ маблағ ҷудо гардида рушди устувори соҳаро таъмин намуд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 267 миллиону 584 ҳазору 331 сомонӣ зиёд мебошад. Пеш аз ҳама музди меҳнати омӯзгорон, мураббиён ва кормандони соҳа пурра пардохт гардида, қарздории музди меҳнат мавҷуд нест.

Бояд қайд кард, ки сохтмону азнавсозӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани Барномаҳои гуногун дар низоми таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда ва аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон ва мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомоти беназири шаҳрдорӣ буда, дар чунин сатҳи баланд, танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ки изҳори сипоси беандозаи аҳли маорифро баён менамоем.

Дар фарҷом барои дастгирӣ ва ёрии бевоситаи кормандони соҳаи маориф, азнавсозӣ ва бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иштироки фаъолона дар беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии омӯзгоронМуродов Баҳодур ва Муродов Раимҷон бо нишони алочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон як қатор устодон барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, гузоштани саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"