Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар мавзӯи “Нақши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” дар Коллеҷи омӯзгорӣ
Дар асоси нақшаи кории Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо мақсади татбиқи “Барномаи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии муассиса чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар мавзӯи “Нақши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” гузаронида шуд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши мазкур роҳбари муассиса сухан карда оид ба зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳури Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки дар муассиса барои беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои мазкур тамоми шароитҳо муҳайё гардида аст.
Ҳамчунин, дар баромади худ роҳбари муассиса ба ҷавонон тавсия намуданд, ки дар ин самт тамоми саъйу кӯшиши худро кунанд.
Дар чорабинӣ донишҷӯён дар мавзуъҳои “Забони англисӣ –забони байналмилалӣ”, “Читавр ман забони англисиро меомӯзам”, ”Омӯзиши забони англисӣ”, ”Нақши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир” ва “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарфи бемайлони вақт ва пул” бо ду забон (англисӣ ва русӣ) баромад намуданд.
Ҳамзамон, донишҷӯён якчанд далелҳои ҷолиберо оиди забони англисӣ пешкаши ҳозирин намуданд. Дар идомаи чорабинӣ аз осори пурғановати шоирони англис шеърҳо қироат намуданд.
Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ бо забонҳои хориҷӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ