image

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои тарғиботии МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони шаҳракҳои 64

date_range14.01.2025, 10:03 chat_bubble_outline0 remove_red_eye29

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ин навбат бо сокинони шаҳракҳои 64-и ноҳия баргузор шуд. Ин чорабинӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии кишвар дар толори МТМУ №5 гузаронида шуд.

Баромадкунандагон аз ҳисоби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ зимни пешниҳоди маърӯзаи худ доир ба самтҳои дар Паёми роҳбарияти олии мамлакат зикр гардида андешаронӣ карданд. Зимнан гуфта шуд, ки «Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд.

Дар ин ҳамоиш иброз шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.

Ҳамзамон таъкид рафт, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд.

Дар доираи нақшаи зикргардида дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Дар идома дигар иштирокдорон доир ба дигар нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба иштирокдорон маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"