Маросими қуръакашии мусобиқаи футбол миёни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
Бо иқдоми Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бори аввал бахшида ба таъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи футбол миёни омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ мегардад. Қабл аз оғози рақобатҳо маросими қуръакашӣ сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки ин мусобиқа бо иштироки омӯзгорони 32 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Сино роҳандозӣ гардида, бозиҳо беш аз як моҳ идома мекунад. Ҷараёни қуръакашӣ дастаҳои иштирокчиро ба 8 гуруҳ тақсимбандӣ намуд, ки аз ҳар як гурӯҳ ду даста ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Иқдоми мазкур бо дастгирии Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба муносибати таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он ҷалби омӯзгорон ба тарибияи ҷисмонӣ ва омавигардании футболи хурд дар миёни аҳолӣ мебошад.
Беҳтарин дастаҳо дар арафаи таҷлил аз 32-юмин солгарди Рӯзи Артиши миллӣ муайян гардида, бо ҷом, медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Меҳриниссо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ