image

Дар шаҳри Душанбе нишасти фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон баргузор гардид

date_range16.01.2025, 11:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye33

15-уми январ бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нишасти фаъолони иқтисодии Тоҷикистону Эрон бо намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктистон, Утоқи бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон, намояндагони вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд. 

Дар идомаи музокирот роҳбарони давлатҳо бо назардошти захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон истифодаи имконияти фарохи мамлакат дар соҳаҳои энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, маъдану металлургия, кимиё, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва дорусозӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои тавсеаи ҳамкорӣ  зурур шумориданд. Дар ин замина ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқи обию офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳим ва ояндадори ҳамкории дуҷониба арзёбӣ мегардад. 

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории байни Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба муҳимияти ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҳамкориҳои байнибонкӣ, таъсиси фондҳои муштарак, табодули таҷриба дар самти фанновариҳо, инчунин иштироки ширкатҳои эронӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифоқа расидад. Дар рафти вохӯрии мазкур байни субъектони бахши хусусии ду давлат як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"