image

Баргузории маҳфили шеъру адаби Тоҷикистону Эрон

date_range16.01.2025, 11:19 chat_bubble_outline0 remove_red_eye23

Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳтуи унвони «Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон» баргузор гардид.

Ҳайати меҳмонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва иштрокдорони маҳфили шеъру адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро дар даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намоиши театрикунонидашцдаи ҳунармандони Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Дар расми ифтитоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг мебошанд. Баргузории ин маҳфил робитаҳои фарҳангии ин ду кишварро боз ҳам такиму густариш медиҳад.

Дар маҳфил шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли  фарҳанги ду давлат- Тоҷикистон ва  Эрон ширкат варзиданд. Зикр шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон ду мамлакати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Солеҳии Амирӣ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Эрон бо мутафаккирони илму адаби оламшумули худ тавонистаанд дар ҷаҳон шинохта шаванд. Ин фарҳангу таърихи бойи ду миллат то имрӯз пойбарҷо буда, сол то сол густариш меёбад.

Маҳфили “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” аз бахшҳои мухталиф иборат буд ва шоирону адибони тоҷику эронӣ тавонисатнд доир ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти эҷодиёт ва густариши равобити дуҷониба табодули таҷриба намоянд. Ҳамзамон дар чорабинии “Шоми шеъри Тоҷикистону Эрон” аз ҷониби сарояндагони кишвар аз эҷодиёти шоирону нависандагони форсу тоҷик сурудҳои баландмазмун пешниҳоди ҳозирин гардионида шуд.

Дар идома дар доираи баргузории чорабинии мазкур Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз осорхонаи Китобхонаи миллӣ шинос шуданд. Гуфта шуд, ки дар дар фонди осорхонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ ва дигар маводҳои гаронбаҳои таърихӣ ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Зимни боздид, Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дастхатҳои китобҳои бузургони шеъру сухани форсу тоҷик, аз ҷумла ба китобҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, изҳороти худро ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти омӯзиши дастхатҳои нодири таърихӣ баён дошт.

Пас аз тамошо ва шиносоӣ бо мероси хаттӣ, дар ҳаминҷо вохӯрии Вазирони ду давлат доир гардид.

Зимни мулоқот Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи ҳайати меҳмноро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр дошт, ки мардуми кишварҳои моро на танҳо забон, балки анъанаҳои беназири маданию таърихӣ низ муттаҳид мекунад. Мо дар адабиёт, санъат ва меъморӣ сарчашмаҳои муштарак дорем. Ва ин аст, ки дар кишварҳои мо ба ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ, ҳунарҳо ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ карданд ва такид доштанд, ки имрӯз ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар стҳи ҷаҳонӣ маълуму маъруфанд ва пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати омӯзиши ҳунаҳои дастии якдигар, минбаъд пайваста намишгоҳҳои ҳунарҳои мардумии кишвари Тоҷискитон дар Эрон ва аз Эрон дар Тоҷикистон ташкилу роҳандозӣ гардад. Мулоқот дар фазои дустӣ бо мақсади ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи фарҳангӣ дар самти ҳифз ва муарррифии ҳунару мероси таърихӣ анҷом ёфт.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"