Баргузории форуми олимону пажуҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон дар АМИТ
15 январи соли равон дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Форуми олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки олимону пажуҳишгарони ду кишвар баргузор гардид.
Қабл аз баргузории Форум олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз намоиши дастовардҳои олимону пажуҳишгарони муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуда, зимнан ба дастовардҳои олимону муҳақиқони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаҳои илмии таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун дастовардҳои арзишмандро ба даст овардааст. Натиҷаи ҳамаи ин дастовардҳо маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Президинти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод шуда, барои олимону пажуҳишгарон тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда фароҳам оварда шуд.
Форумро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода ҳусни оғоз бахшида, ташрифи олимону пажуҳишгарони кишвари ба мо дӯсту ҳамзабонро ба академия хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки солҳои охир густаришу таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тақвият ёфтаанд. Маҳз ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ин кишвари дӯсту ҳамзабон аз сиёсати дӯстонаи роҳбарони ду кишвар сарчашма мегирад.
Ҳадаф аз баргузор намудани Форум таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи байнидавлатӣ дар соҳаи илму фановарӣ, муттаҳид намудани нерӯи илмии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин баррасии масъалаҳои ҳамоҳангсозии таҳқиқотӣ илмӣ дар доираи як платформа мебошад.
Дар идомаи Форум олимону пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба дурнамо ва рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотии ҷонибҳо суханронӣ намуданд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ