Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба сокинони маҳаллаи Алачабофон
Мулоқоти навбатии аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони маҳаллаи Алачабофони ноҳияи Фирдавсӣ бо шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат оғоз гардид.
Зимни шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми сарвари далват ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳозирин иброз доштанд, ки чун таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳамасола аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми солона доир ба таҳлилу баррасии дастовардҳои кишвар ва муайян кардани вазифаҳои нав ва дурнамои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба Маҷлиси олии кишвар ироа мегардад. Чун солҳои қаблӣ дар паём соҳаи маориф мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор гирифта, дар самти боз ҳам беҳтару хубтар намудани нишондодҳои соҳа дар соли нав як қатор дасутуру пешниҳодҳои судманд дода шуданд.
Ҳамзамон иштирокдорон дар идома бобати мавзуҳои таълиму тарбияи фарзандон омили муҳим дар зиндагӣ, ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо, зарурати идомаи таҳсил дар синфҳои болоӣ, бахусус барои духтарон, таъмини фарзандон ба китоб ва дигар лавозимоти хониш ба иштирокдорон маърӯза карданд.
Бояд гуфт, ки яке аз мавзӯҳое, ки бештар атрофи он сухан рафт, ин Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» мебошад, ки дар таҳрири нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул шудааст.
Гуфта шуд, ки қонуни мазкур барои тарбияи насли хештаншинос, кам шудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ояндаи дурахшони кӯдакон нақши калидӣ гузошта, барои таҳкими худшиносиву донишманд шудани наврасон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Инчунин иштирокдорон дар идома ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият бахшидани корҳои идеологӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, манъ кардани воридшавии наврасону ҷавонон ба марказҳои дилхушӣ, ба иштирокдорон маърӯза карданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ