Мулоқот оид ба нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии масъулини сохтору мақомоти гуногуни ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хонандагони ин муассиса доир гардид.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон аз ҷониби сохторҳои марбута дар пойтахт пайваста тадбирҳои мусоидаткунанда дар амал татбиқ карда мешавад. Вобаста ба ин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ нақшачорабинӣ таҳия шуда, бо мақсади иҷрои он корҳо идома дорад.
Дар вохӯрии навбатӣ ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ҷавонон вобаста ба тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, эмин будан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир пешгирии омилҳои коррупсионӣ, риояи қонунҳои миллӣ, маҳкум намудани нашъамандию нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дигар мавзӯҳои рузмара миёни омӯзгорон ва хонандагони муассиса баррасӣ карда шуд.
Инчунин зимни баромад аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки доимо пайи омӯзиш бошанд ва пайваста донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии давлату миллат равона созанд. Аз иштирокдорони вохурӣ аз ҷумла устодон даъват ба амал оварда шуд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти бештарро ҳис намоянд ва хонандагонро дар самти таҳикими хувияти миллӣ, худшиносиву меҳанпарастӣ ва дӯст доштани ватан тарбия намоянд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ