image

Намоиш ва ҷамъбасти беҳтарин ихтирооти кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид

date_range17.01.2025, 11:43 chat_bubble_outline0 remove_red_eye24

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ихтироъкорон дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе намоиш ва ҷамъбасти беҳтарин ихтирооти кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

Озмуни шаҳрии «Беҳтарин ихтирооти кӯдакону наврасони ш.Душанбе» бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон мебошад. Дар чорабинӣ таълимгирандагони Маркакзи эҷодии кудакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки аъзои маҳфилҳои эҷодиву техникии марказҳои иловагии таҳсилот дар озмун бо пешниҳоли лоиҳаҳои ихтироъкорӣ ширкат карданд.

Озмун аз номинатсияҳои Моделсозӣ, Радиоэлектроника, Робототехника иборат мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки иштирокчиёни озмун вобаста ба номинактсияҳои моделсозӣ, радиоэлектроника, робототехника лоиҳаҳои эҷодии дорои хусусияти ихтироъкорӣ ва навоваридоштаро пешниҳод, муаррифӣ ва ҳимоя намудаанд.

Дар самти моделсозӣ - сохтани моделҳои ҳаҷман хурд аз руйи шахси воқеии объектҳои мавҷуда, омӯзиш ва пешниҳоди таркиби лоиҳа ва хусусиятҳои сохти он, радиолэлектроника - пешниҳоди дастгоҳ ва ё таҷҳизоти худсохт барои гузаронидани таҷриба оид ба раванди ирсол, қабул ё табдили маълумот бо истифодаи энергияи электромагнитӣ, техникаи инфрасурх, оптикаи электронӣ ва ғайра, робототехника - пешниҳоди модели техникаҳои маишии автоматикунонидашуда, омӯзиш ва пешниҳоди маълумотномаи он бо дарназардошти хусусиятҳои навоваридошта аз ҷумлаи шартҳои ин озмун ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки ғолибони озмун аз рӯи ҷамъбасти холҳо муайян карда шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи н.Сино ҷои сеюм, дастаи н.Фирдавсӣ ҷои дуюм ва дастаи н.Шоҳмансури ҷойи якум сазовор гардиданд. Ғолибони озмун бо Диплом ва тӯҳфаҳои тасиснамудаи МД «Маркази кӯдакон ва наврасони ш.Душанбе» дар вазъияти тантнавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"