ПАЁМ-КАФИЛИ ОЯНДАИ РӮШАНУ СОЗАНДА
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳоиасосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ҳамчун барномаи дурнамои давлатӣ дар самти амалигардонии ҳадафҳои рушди мамлакат нақши меҳварӣ дошта, барои ҳар сокини бошарафи давлати соҳибистиқлоламон дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паём дар шаҳри Душанбе гуруҳҳои корӣ ташкил шудаанд. Мулоқоти аъзои гурӯҳи корӣ ин навбат бо кормандони соҳаи энергетика ва саноат ташкил шуд. Дар равандичорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Холмуҳаммадзода Сорбон, кормандони бахши энергетика, сохторҳои саноат ва сокинону фаъолон иштирок намуданд. Масъулин зимни баромади худ нахуст доир ба муҳиммияти Паёми сарвари давлат ҳамчун санади роҳанмо андешаронӣ намуданд. Таъкид рафт, ки саноат ва энергетика ҳамчун бахши муҳими рушди иқтисод дар меҳвари Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Ҳамчунин гурӯҳи дигари кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ин навбат бо кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарони ҷамъиятҳои мусофиркашони шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ иброз шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳама самтҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст, ки аксари онҳо зимни таҳлили амиқи Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ зикр шуданд. Зикр шуд, ки ин вохӯрӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ баён доштанд, роҳандозӣ гардид.
Дар идомаи мулоқот масъулин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат оид ба нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо оид ба паҳлӯҳои дигари Паём ибрози андеша намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ