РОҲАНДОЗИИ ХАТСАЙРИ САЙЁҲИИ “САЙРИ САДА”
ш.Душанбе. 1.02.2025. Бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хатсайри сайёҳии «Сайри Сада» ройгон ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ дар доираи таҷлили Ҷашни Сада арзёбӣ мегардад.
Хатсайрҳои сайёҳии “Сайри Сада” бо ҷалби намоянадагони корпуси дипломатӣ, донишҷӯёни хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, сайёҳони хориҷӣ, роҳбарону кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ширктаҳои сайёҳӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Дар доираи хатсайр роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба иштирокчиён доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ва моҳияти Ҷашни Сада маълумоти мушаххас пешниҳод намуданд.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ба самти Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ – макони таҷлили Ҷашни Сада ҳаракат намуд.
Иштирокчиён - меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар доираи хатсайр аз намоиши навъҳои тухмии зиорати кишоварзӣ ва техникаҳои соҳавӣ, гулу бутаҳҳо, ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ, анвои меваҳои хушк ва шириниҳо ва дигар маҳсулотҳое, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, дидан намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ, бахусус ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимаи дастӣ ва таомҳои миллии мо, тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик, тарғиби имконияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти он ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ нақши арзанда мегузоранд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ