Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид
Боиси сарфарозӣ аст, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хизмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли башар ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар ин миён ҷой ва мақоми ҷашнҳои миллию мардумӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон хосса мебошад. Дар ин замина дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор гардид.
Бахшида ба ин ҷашни пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе чорабиниии фарҳангию фароғати бо як шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд. Дар ин рӯз дар даромадгоҳи боғ гулханҳо афрӯхта шуда буд ва намоиши хӯрокҳои миллӣ, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ ва тухмиҳои зироати кишоварзӣ, олоти кишоварзӣ ва ҳамчунинин дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
Дар тантанаҳои ҷашни Сада муовини Сарвазири Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе ва аҳли илму адаби мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат намуданд. Таъкид гардид, ки Сада аз ҷумлаи чунин ҷашнвораҳост, ки қарнҳои тӯлоние ҷашн гирифта мешуд ва дар сатҳи шаҳриёрон ва мардуми оддӣ пазируфа шуда буд.
Ҷашни Сада ба ҳайси таҷассуми эҳтиром ба оташ, некӣ, рӯшноӣ ва ғолибияти инсон бар табиат шинохта мешавад ва чун анъанаи ин ҷашн аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан инчунин хӯрокҳои хушлаззат - лӯбию нахӯдшӯрак, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, қурутоб, фатирмаска, умоч, шӯрбо ҳамчунин созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, либосҳои миллӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Дар анҷоми тантанаҳои идонаи ҷашни Сада ба кишоварзон ва фаъолони соҳаи кишоварзӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд ва барномаи рангини фарҳанги пешниҳои иштирокдорон гардонида шуд.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ