image

Маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»

date_range17.02.2025, 13:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye697

Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 феврали соли 2025, Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» дар толори маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи мусобиқа баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини сохтору мақомоти самти варзишу кор бо ҷавонон дар шаҳр ва роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зимни баромади масъулин ҳадафу мақсади ин сабқат баён шуд. Иброз шуд, ки дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро занону модарони тоҷик ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳояшон ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бо нангу номуси ватандӯстӣ ва заҳмати софдилона дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзишманд гузоштанд.

Мусобиқаи волейбол байни занон, ки ҳамасола бо ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад ба яке аз мусобиқаҳои писандидаи бонувон табдил шудааст. Ҳамзамон ба ин васила кормандони идораву сохторҳои гуногун баробари корҳои ҳаррӯза, фурсати хубе пайдо мекунанд, то ба тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи дурусти ҳаёти солим машғул шаванд. Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ ҳамасола чорабиниро дар сатҳи баланд ташкилу баргузор менамоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки мусобиқаи «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» соли 8 ум аст, ки дар сатҳи баланд доир гардида дар охир дастаҳои ғолиб бо ҷом ва тӯҳфаҳои пуллӣ қадрдони мегарданд.

Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"