
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ РӮЗИ МОДАР ВА ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САД РАНГИ ЧАКАН»

Дар рафти ҷаласа қайд гардид, ки вобаста ба иҷрои банди 10-и Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713 тасдиқ шудааст ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Модар, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2025 ба тасвиб расидааст, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Модар, арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ва таҷлили Рӯзи Модар ба нақша гирифта шудааст.
Дар робита ба ин, ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукуҳи чорабиниҳои болозикр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ