
ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ПОЙТАХТ

Зимни баргузории мулоқоти мазкур ҳозирин бобати муҳимияту мубрамияти Паёми сарвари давлат ба ҳозирин маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус наврасону ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.
Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар идомаи суханрониҳои хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишри ҷомеа ёдовар шуда, ҳозиринро баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ