image

Дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2024 баргузор гардид

date_range18.02.2025, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye691

Дар ин тантанаи варзишӣ 46 нафар ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

Нахуст муовини Сарвазири мамалкат Дилрабо Мансурӣ доир ба дастовардҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2024 иброзӣ сухан карда, самараи заҳматҳои ливобардоронро дар ин давра неку муассир арзёбӣ намуд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустиву тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Далели ин гуфтаҳо ғолибияти Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев дар бозиҳои олимпии Париж-2024 аст, ки бо гирифтани се медали биринҷӣ номи Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои дорои медали Бозиҳои олимпӣ сабт намуданд, ки ин боиси қаноатмандист.

Қобил ба зикр аст, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол» ва амсоли инро эълон намуда буд, ки беҳтаринҳо муайян карда шуда, дар маросими ҷоизасупории имрӯза қадрдони карда шуданд. Темур Раҳимов дорандаи медали биринҷии бозиҳои олимпӣ дар ин тадбир ҳамчун варзишгари сол донишста шуда, бо мукофотҳои баланди пулию ҷому диплом ва нишони сарисинагии “шуҷоат ва ҷавонмардӣ” қадрдонӣ гардид.

Бояд таъкид дошт, ки сол то сол аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бобати рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таваҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ин омил самараи нек дода, паҳлавонони мо дар муосбиқоти сатҳи ҷаҳонӣ бо руҳияи баланди ҷавонмардӣ рақобат менамоянд, ки бад ин василаи муаррифгшари давлату миллати хеш ба ҷаҳониён хоҳанд шуд. Бешак рушди соҳаи варзиш барои ҷомеаи солим низ нақши асосӣ дорад. Бо назардошти ин имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар тамоми инфрасохтор барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш фароҳам оврада шудааст, ки сол то сол ихлосманони ин соҳа бештар мегардад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"