
Мулоқоти гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Борбад
Зимни мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Борбади ноҳияи Фирдавсии пойтахт, бандҳои Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои маорифу тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сокинони маҳалла иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба масоили вобаста ба шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва таҳкими дастовардҳои муҳимтарини кишвар, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, саҳми занон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, инчунин саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии шаҳру маҳал ибрози андеша карда шуд.
Ҳамчунин доир ба пешрафту шукуфон гардидани кишвари маҳбубамон ва пойтахти он шаҳри Душанбе сухан рафт. Дар ин росто гуфта шуд, ки бунёди боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар пойтахт ин муҳайё намудани сокинону меҳмонон ба зиндагии шоиста мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе анҷом дода шудаанд.
Дар рафти чорабинӣ диққати ҳозирин ба тарзи ҳаёти солим равона гардид. Гуфта шуд, ки дар байни аҳолӣ бемориҳои сироятӣ бештар ба қайд гирифта шудааст, ки пешгирии он дар дасти худи сокинон мебошад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ