image

Дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид

date_range18.02.2025, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye114

Дар доираи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳо ва таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3, номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрии номзадҳо бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндаи МИҲД ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ аз рӯйхати ҳизбӣ, номзадҳо ба вакилии МВХШД ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур ва шахси боэътимоди онҳо ширкат варзиданд.

Дар вохӯрии мазкур масъулин оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.

Дар идома, номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо ба интихобкунандагон муаррифӣ гардида, оид ба мақсад ва ҳадафҳои дар барномаҳои пешазинтихоботии онҳо дарҷгардида, аз ҷониби худи номзадҳо маълумоти муфассал дода шуд. Зимнан, баҳри боз ҳам бештар маълумотнок гардидани интихобкунандагон аз раванди фаъолияти номзадҳои пешбаригардида ва бештар муаррифӣ гардидани ҳадафҳои барномавии онҳо ҳамчун номзад ба вакилӣ, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба интихобкунандагон тақсим карда шуд.

Ширкатдорон дар идома оид ба дастовардҳои давлату ҳукумат ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаи сиёсии интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад ва дар ин замина интихоби номзадҳои арзанда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд.

Саодат Тоирӣ
ТВ "Душанбе"