image

Дар Қисми ҳарбии 6539 чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

date_range18.02.2025, 11:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye119

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2025, №31 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Душанбе” бо иштироки намояндагони МИҲД ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони мақомот дар Қисми ҳарбии 6539-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ширкатдорони ҳамоиш зимни баромади худ қайд намуданд, ки имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолиии Ватанро сарбаландона ҳимоя намуда, рисолати касбии худро ба ҷо меорад ва дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми таърихӣ ва беназир дорад.

Дар идомаи баромадкунандагон афзуданд, ки ки ҷавонони мо, сарбозони шуҷои меҳан рисолатӣ шаҳрвандии хешро барои ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузошта, хидмати шоиста хоҳанд кард.

Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобонӣ, бандкашӣ ва вазнкашӣ доир карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи нақшачорабиниҳои мавҷуда ҳамзамон шиносоии ҷавонони синни даъватии ноҳия аз фаъолияти сарбозон сурат гирифт.

Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"