
Дар Китобхонаи миллӣ ифтитоҳи курси омӯзишии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ҷалби 110 нафар ҷавони фаъоли муассисаҳои оливу миёнаи касбии кишвар маросими ифтитоҳи курси ҳафтуми омодасозии маҳфили омӯзишии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.
Маросими ифтитоҳи курси омӯзишӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” доир гардида, дар он нафарони масъули ташкилот, ҳайати ҷавонони фаъол иштирокчии он буданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки омӯхтани мактаби давлатдорӣ ва сабақ гирифтан аз раванди давлатсозии Пешвои миллат бояд мояи ифтихору сарфарозии ҳар як ҷавони хештаншиноси ин кишвар бошад, зеро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ нақши беназир гузоштанд.
Зикр шуд, ки ҷавонони тоҷик бояд ҳушманд бошанд ва аз арзишҳои миллии худ, аз таърихи худ огаҳӣ доштаву онро арҷгузорӣ намоянду ояндаи дурахшонеро созанд. Муҳимтар аз ҳама бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва дар бархӯрдҳои ҷаҳони муосир мавқеи худро устувор нигоҳ дошта тавонанд, зеро онҳо ҷавонони хушбахт ва зодаи даврони истиқлоланду танҳо шаҳди сулҳро чашидаанд. Иттилоъ дода шуд, ки курси омӯзишӣ дар баробари Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», инчунин аз ҳисоби ҷавонони фаъоли маҳал ва минтақаҳо дар назди бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ҳамаи шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ташкил гардид.
Дар идома зикр шуд, ки дар раванди баргузории курси омӯзишӣ маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват гардида, шунавандагони он давоми се моҳ аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ аз наздик шинос мегарданд. Инчунин иштирокчиён баъди хатми курс бо шаҳодатнома сарфароз гардонида мешаванд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ