
Мулоқоти гуруҳи корӣ ин навбат дар МТМУ №101 баргузор гардид
Ин навбат дар толори МТМУ №101-и ноҳияи Сино вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Вохӯрии мазкур дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ, ки дар паёми навбатии Пешвои миллат ироа шуданд равона гардид.
Дар рафти мулоқот баҳри пешрафти ҷомеа, алалхусус тарбияи дурусти фарзанд, тарзи ҳаёти солим, ободию тозагии гирду атроф, амали гардонидани қонунҳои дохилишаҳриву ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои замони истиқлол андешаҳои масъулин пешниҳод гардиданд.
Инчунин дар раванди мулоқот бандҳои Паёми сарвари давлат ба сокинон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Иброз шуд, ки баҳри дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон шароитҳои созгор муҳайё гардидаанд. Ҳамин аст, ки баҳри солимгардонӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба соҳаи варзиш дар ҳоли рушд қарор дорад.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ