image

Баргузории конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти «Артиши миллӣ-мактаби шуҷоату мардонагӣ»

date_range19.02.2025, 15:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye48
Вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2025, дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори калони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони "Артиши миллӣ - мактаби шуҷоату мардонагӣ" баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарбозону курсантон ва хонандагони синфҳои болоӣ ва ҷавонони синни даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад иштирокчиён изҳор доштанд, ки имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон - ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳис намоянд ва хотирҷамь бошанд, ки Артиши миллӣ қобили муҳофизати марзу буми кишвар истиқлолиятамонро доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ, таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.

Қайд шуд, ки имрӯз халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо дили пуру хотири ҷамъ аз самараи Истиқлолияти Тоҷикистон баҳра баранд. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат, махсусан бо ташаббусу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида истодааст. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо мутахассисони баландихтисос ва донишманди дорои малакаи баланди касбии ҳарбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба нерӯи муназзами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. Ватан - модари ҳастӣ, хонаи умед ва сари сурху болои миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, ватандорию ватансозӣ ва ҳифз кардани он аз тири душман ба зимаи тамоми мардум, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус ва худшиносу худогоҳ вобаста аст.

Дар фарҷоми кори конференсия ба як қатор иштирокчиёни он ба хотири саҳми арзанда гузоштан сипосномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"