
Аёдати сарбозони қисми низомии 0122 Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт баргузории ҳамоишҳои ҷашнӣ идома дорад. Дар ин замина роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, модарон аз шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ба аёдати сарбозони қисми низомии 0122 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд.
Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулин бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, таъкид доштанд, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳимоятгари асили ин марзу бум фаъолият намуда, ҳоло ҷавонони далеру шуҷои Ватан сарбаландона дар сафи Артиши миллӣ хизмат намуда истодаанд. Дар ин замина, аз ҷониби модарон бо сарбозону афсарон дидорбинӣ доир гардид.
Зимни суҳбату мулоқот гуфта шуд, ки имрӯзҳо ҳукумати мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи хеш шароити буду бош дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро дар сатҳи баланд баровардааст, ки сарбозону афсарон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пайи ҳифзи оромӣ суботу амнияти кишвар адои хизмат намуда истодаанд.
Сипас аз тарафи МИХД ноҳияи Шоҳмансур ба афсарону сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳамзамон аз тарафи санъаткорони ноҳия барномаи фарҳангӣ доир шуд, ки боиси болидарӯҳии ширкатдорони чорабинӣ гардид.
Дар идомаи чорабиниҳои маърифатӣ баҳри сарбозони ин қисми низомӣ аз ҷониби МИҲД ноҳияи Шоҳмансур дастархони идона ороста шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ