
Дар қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсии фарҳангӣ доир гардид
Дар доираи баргузории чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат бо иштироки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино вакилон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия дар қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсии фарҳангӣ доир гардид.
Пеш аз оғози ҳамоиш хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Сино бо шароити хизмати сарбозон дар ин қисмҳои низомӣ ва буду боши онҳо шинос шуданд. Дар ин зимн афсарону сарбозон вобаста ба яроқу аслиҳаи ҷангӣ, ҷойи хоб, толори варзишӣ, ошхона ва дигар маконҳо маълумот доданд. Ҳамзамон дар саҳни қисми ҳарбии 051057-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантнавӣ оғоз гардид.
Дар рафти чорабинии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино таъкид карданд, ки заминаи асосии таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар дар ҳар давру замон артиш буд ва ин рисолат минбаъд низ боқӣ мемонад. Имрӯз сарбозони шуҷои Ватан давомдиҳандагони роҳи пурифтихори Спитамену Темурмалик ва дигар родмардони диёр мебошанд.
Ҳамзамон дар идома як қатор сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ бо ифтихорномаю сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин сарбозони ин қисми низомӣ бо баргузории ҳаракатҳои мавзуни низомӣ ҳунару маҳорати худро пешниҳод намуданд.
Дар идома аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба афсарон дастурхони идона ороста шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ